smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 03.03.2023

"Ҳуҷра танг, шароит бад." Тафтишу боздошти муҳоҷирон дар Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд. Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар "Tashkent Grand Slam 2023" медали тило гирифт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2023”, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, медали тило ба даст овард. Зимнан, ин аввалин медали паҳлавони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор меравад.

Заҳролудшавии духтарон дар мактабҳои Эрон

Ozodi.org 

Аз моҳи ноябри соли 2022 ба ин сӯ дар чор шаҳри Эрон беш аз 30 мактаби духтарона аз мавридҳои заҳролудшавӣ, дилбеҳузурӣ ва бистарӣ шудани духтарон шикоят карданд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 2-юми март гуфтанд, ки қазияҳоро таҳқиқ хоҳанд кард.

Ҳукми ҷанҷолии як мард барои куштан ва сӯзондани зану писараш. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як мардро дар вилояти Суғд барои куштан ва сӯзондани зану писараш 23 сол аз озодӣ маҳрум карданд, вале наздикони зан розӣ нестанд. Онҳо барои Зокир Аъзамови 37-сола ҳабси якумрӣ мехоҳанд. Додситон ба ӯ 25 сол ҳабс хоста буд. Хешовандони мард мегӯянд, ҳукм сангин аст.

Ахбори Озодӣ аз 3-юми марти соли 2023

Ozodi.org 

Талаби ҳабси абад ба марде, ки барои куштани ҳамсару фарзандаш 23 сол зиндонӣ шуд; "шикор"-и муҳоҷирон дар Қазоқистон; таҳқиқи заҳролудшавии духтарон дар мактабҳои Эрон ва матолиби дигар.

Талаби ҳабси абад ба марде, ки зану писарашро кушт

Ozodi.org 

Як мардро дар вилояти Суғд барои куштан ва сӯзондани зану кӯдакаш 23 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Наздикони зан розӣ нестанд ва барои Зокир Аъзамов ҳабси якумрӣ мехоҳанд. Хешовандони мард мегӯянд, ҳукм сангин аст. Додситон ба ӯ 25 сол ҳабс хоста буд.

Тафтишу боздошти муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд. Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.



Мишустин ташвиқ кардааст, ки Тоҷикистон ба ЕАЭС бипайвандад

Ozodi.org 

Нахуствазири Русия ҳангоми сафараш ба Душанбе бори дигар Тоҷикистонро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ташвиқ кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, масъаларо меомӯзанд.

Қирғизистон конвенсияи қатъи хушунати ҷинсиро тасвиб мекунад

Ozodi.org 

Вазорати меҳнати Қирғизистон лоиҳаи қонунро "Дар бораи тасвиби Конвенсия дар бораи решакан кардани зуроварӣ ва озори ҷинсӣ дар соҳаи меҳнат" ба баррасии ом пешниҳод кардааст. Лоиҳа дар сомонаи "Koomtalkuu.gov.kg" нашр шудааст.

Поёни имтиёзҳои Назарбоев. Паёмаш ба ҳокимони Осиёи Марказӣ чист?

Ozodi.org 

Ба назар мерасад, нуфуз ва қудрати бе ҳадду марзи раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пас аз як соли эътирозҳо дар ин кишвар ҳадди ақал аз назари ҳуқуқӣ ба пойинтарин нуқтаи мумкин расидааст. Ба назари коршиносон, ӯ амалан дур аз пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Дар Қазоқистон боздошти омилони ҳамла ба рӯзноманигорон идома дорад

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки шарикони эҳтимолии гумонбар дар ташкили ҳамла ба рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақилро ошкор кардааст. Гумонбар боздошт шуда, "гуноҳро ба гардан" гирифтааст ва бо муфаттишон "ҳамкорӣ мекунад". Сомонаи расмии вазорат 2-юми март номи чаҳор каси дигар - шаҳрвандони хориҷиро нашр кард, ки гӯё сокинони маҳаллиро барои анҷоми ҳамла ба рӯзноманигорони Қазоқистон бар ивази маблағ ҷалб мекардаанд. Онҳо маълумот дар бораи қурбониёни худро аз манбаъҳои боз ҷамъоварӣ менамудаанд. Читать дальше...

Дар Гурҷистон зидди тарҳи қонунҳои "агентҳои хориҷӣ" эътироз карданд

Ozodi.org 

Садҳо фаъоли маданӣ ва намояндаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Гурҷистон ҳамроҳ бо вакилон аз ҳизбҳои мухолиф рӯзи 2-юми март талош карданд, ки монеи баргузории ҷаласаи муштараки кумитаҳои порлумон барои қабули ду лоиҳаи қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" шаванд. Ҳарду лоиҳаи қонунро ҷиноҳи ҳукуматгарои "Ҳокимияти халқ" пешниҳод карда, аз сӯи ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" пуштибонӣ мешаванд. Яке аз раҳбарони "Нерӯи мардум" Гурам Мачарашвилӣ иддао кард, ки гӯё лоиҳаҳои қонун бо назардошти таҷрибаи Амрико таҳия гаштаанд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *