smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 05.03.2023

Лоиқ Раҷабов дар UFC рекорд гузошт

Ozodi.org 

Лоиқ Раҷабов, варзишгари маъруфи тоҷик дар доираи мусобиқоти ташкилоти UFC рекорд гузошт. Ӯ дар аввалин рақобаташ дар UFC 11 партоби муваффақ анҷом додааст, ки рекорд дониста мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии ташкилоти UFC дар Твиттер хабар додааст.

Тарафдоронаш нагузоштаанд, нахуствазири Покистон дастгир шавад

Ozodi.org 

Маъмурони пулиси Покистон гуфтанд, рӯзи 5-уми март гуруҳе аз афсаронро барои боздошти нахуствазири пешин Имрон Хон ба шаҳри Лоҳур фиристоданд, вале ҳеч коре аз дасташон наомадааст, чун тарафдоронаш хонаи ӯро иҳота карда, монеи ин кор шудаанд.

Файласуфи тоҷик: "Қуръон панд аст, дини зардуштӣ ҳам панд аст"

Ozodi.org 

Дар миёни баҳсҳои тунд дар бораи дини зардуштӣ ва ислом, ки дар гӯшаҳои  тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, яке аз маҷаллаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақолаеро нашр кардааст, ки дар он ахлоқ дар ҳарду дин ва таъсири яке ба дигарӣ баррасӣ шудааст.

Муассисаи амрикоӣ сабаби фурӯпошии лашкари азими Афғонистонро гуфт

Ozodi.org 

Идораи сармуфаттиши хоси Амрико дар умури бозсозии Афғонистон ё SIGAR мегӯяд, неруҳои амниятӣ ва низомии пешини ҳамсоякишвари Тоҷикистон дар натиҷаи нокомиҳои ҳукуматҳои Амрикову Афғонистон фӯру пошиданд. Муассисаи мазкур дар як гузориши тозае дар чанд рӯзи пеш гуфтааст, дар муддати 20 сол барои таҳкиму тақвияти артиш ва неруҳои амниятии Афғонистон ҳудуди 20 миллиард доллар харҷ кардаанд, вале ба навиштаи SIGAR ин неруҳо ба далели сиёсатҳои камсамари ҳукуматҳои Амрико ва Афғонистон мустақил нашуданд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *