smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 10.03.2023

Хабарҳоро аз куҷо мегиред?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон фардо рӯзи матбуотро таҷлил мекунанд. Ин сана ба таъсиси аввалин нашрия бо номи Бухорои Шариф ва бо забони тоҷикӣ дар соли 1912 интихоб шудааст. Дар остонаи 11 -уми март ҳамкорам Нигораи Фазлиддин аз раҳгузарон дар бораи нақши матбуот ва манобеи хабарии сокинони Тоҷикистон пурсид.

Дар Узбекистон санаи баргузории раъйпурсиро эълом карданд

Ozodi.org 

Парлумони Узбекистон рӯзи 10-уми март қонуни даъвати баргузории референдум ё ҳамапурсии тағйири конститутсияи кишварро дар таърихи 30-юми апрел қабул кард. Конститутсияи навшуда ба президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, дар интихоботи раёсатҷуҳурии оянда ширкат кунад ва ӯ шонс дорад то соли 2040 дар қудрат бимонад Узбекистон дар Конститутсияи нав давлати иҷтимоӣ эълом гашта, меъёри уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар баробари шаҳрвандон се баробар афзоиш меёбад. Ваъдаи таъмини озодии... Читать дальше...

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду қочоқбарро куштаанд

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи як даргирӣ бо гуруҳи қочоқбарони маводи мухаддир дар марзи Афғонистон ду нафар аз онҳоро куштаанд. Телевизиони давлатии Тоҷикистон имрӯз дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки тирандозӣ бо гуруҳи панҷ нафарии қочоқбарон рӯзи 21-уми феврал дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Фархор ҳаммарз бо вилояти Тахори Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузориш омадааст кормандони кумитаи амниятӣ миллӣ ва марзбонони тоҷик бо гуруҳи қочоқбар вориди даргирӣ шудаанд ва се нафари онҳо ба Афғонистон фирор кардаанд. Читать дальше...

Блогерон мегӯянд, кори кумитаи андоз дуруст нест

Ozodi.org 

Бархе аз блогерони тоҷик аз феҳрасти Кумитаи андоз, ки онҳоро ба насупурдани андоз муттаҳам кардааст, норозиянд. Кумитаи андоз ҳафтаи гузашта феҳрасти блогеронеро нашр кард, ки гуё молиёти худро саривақт ва пурра намепардозанд.

ДОИШ гуфт, волии Толибонро онҳо куштанд

Ozodi.org 

Гуруҳи ДОИШ масъулияти қатли Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музмил волии Толибон дар вилояти Балхро бар уҳда гирифтааст. Мавлавӣ Муҳаммаддовудро рӯзи 9-уми март дар назди идорааш дар маркази вилояти Балх куштанд. Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” рӯзи 10-уми март бо нашри як баёния гуфт, як ҷангҷӯи маргталаби ин гуруҳ дар беруни идораи волии Толибон дар шаҳри Мазори Шариф мунтазир монда, сипас дар наздикии волии Толибон худро тарконидааст. Дар ин ҳамла 2 нафари дигар кушта ва ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ бештар аз 30 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Читать дальше...

"Мехоҳем сабаби боздоштро бидонем"

Ozodi.org 

Наздикони рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозилов мегӯянд, ҳарчанд аз замони боздошти ӯ чаҳор руз мегузарад, мақомот нисбаташ айбномае эълон накардаанд.



Боздошти як ҷавон барои нашри акси маҳрамонаи зане дар Инстаграм

Ozodi.org 

Як ҷавони 23-сола барои паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талаби пул барои пок кардани онҳо боздошт шудааст.   Холмуҳаммад Назаров, сокини шаҳри Душанбе ба “тамаъҷӯи ва иръоб ё шантаж” айбдор шудааст. Назари ин ҷавон ва пайвандонаш ба ин иттиҳом маълум нест, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми март хабар дод, ки Холмуҳаммад Назаров бо як зан шинос шуда, аксҳои маҳрамонаи ӯро дар телефонаш ҳифз кардааст.  Баъдан, ӯ бархе аз ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ... Читать дальше...

Си Ҷинпин бори севум раҳбари Чин интихоб шуд

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Си Ҷинпинро бори севум раҳбари Чин интихоб карданд. Дар ин бора хабаргузории Синхуа иттилоъ додааст. Ин бори аввал аст, ки дар Чин як раисҷумҳур бори сеюм курсии худро ҳифз мекунад. Нашрияи "Коммерсант" хабар додааст, ки Ҷинпин дубора раиси Шӯрои марказии низомии Чин баргузида шуд ва аз ин қарор 2959 вакил якдилона ҷонибдорӣ кардаанд. Муовини раиси шӯро Хан Чжэн муовини президенти Чин интихоб гаштааст. Раъйгирӣ дар иҷлосияи 14-уми Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ сурат гирифтааст. Читать дальше...

Идомаи гуфтугӯҳо барои муайян кардани марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои ҳукуматии маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз даври дигари гуфтугуҳо дар бораи таъйину аломатгузории гӯшаҳои баҳбсарангези сарҳади ду кишварро оғоз карданд. Гуфтугӯҳо дар Душанбе сурат мегиранд ва аз рӯзи 10-ум то 16-уми март идома мекунад. Аз ин пештар мутахассисони ду тараф рӯзҳои 3-ум то 9-уми феврал дар шаҳри Бишкек гуфтугӯ доштанд ва ёддоште дар ин замина имзо кардаанд, вале маълум нест, гурӯҳҳои маконнигорӣ дар бораи таъйину аломатгузории чанд километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд. Читать дальше...

Ҳашт даста ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон роҳ ёфт

Ozodi.org 

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи панҷшанбеи 9-уми март дар Узбекистон баргузор шуданд,  ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола муайян гаштанд.

Гурҷистон: Ҳамаи боздоштшудаҳои гирдиҳамоии ахир раҳо шуданд

Ozodi.org 

Ҳамаи касоне, ки барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар эътирози ахир зидди қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар Тифлис боздошт шуда буданд, раҳо шуданд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод. Дар ҳамин ҳол вазорат хабар намедиҳад, ки оё онҳое ҳам озод шуданд, ки аллакай додгоҳ нисбаташон ҷазои маъмурӣ таъйин кардааст. Вазорат ҳамчунин гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди истифодаи хушунат нисбати кормандони пулис идома дорад. Пештар ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷӣ"... Читать дальше...

Белорус мансабдорону низомиёнро барои "хиёнат ба давлат" ҳукми қатл медиҳад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко қонун "Дар бораи тағйирот ба кодексҳо оид ба масоили ҷавобгарии ҷиноӣ"-ро имзо кард, ки бино бар он, афроди масъул ва ё низомиён акнун дар Белорус барои хиёнат ба давлат ҳукми қатл хоҳанд гирифт. Бино ба тағйироти нав, муҳлати боздошти афроди гумонбар дар хиёнат ба давлат, тавтеа ва ё дигар амале, ки ба ғасби қудрат ё ҷосусӣ равона шудааст, аз 3 ба 10 рӯз тамдид шуд. Муҳлате, ки нисбати онҳо бояд айб эълон шавад, то ба 20 рӯз тамдид шуд. Ин қонун ҳамчунин барои таблиғи терроризм... Читать дальше...

"Парвандаи Кампиробод": Додгоҳ 7 гумонбарро дар боздоштгоҳ нигаҳ дошт

Ozodi.org 

Рӯзи 9-уми март додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон бархе аз гумонбаронро дар "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" дар доираи парвандаи маъруф ба Кампиробод дар ҳабс боқӣ гузошт. Ба иттилои маркази матбуотии додгоҳи шаҳрӣ, сиёсатмадорон Бектур Асанов, Азимбек Бекназаров, Жениш Молдокматов, фаъолон Оқилбек Айтбоев, Рита Карасартова, Алӣ Шабдан, Темир Маҳмудов то 20 апрел дар боздоштгоҳ боқӣ мемонанд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзҳои 15-17 феврал ҳабси пешакии гумонбаронро баррасӣ ва муҳлати... Читать дальше...

Дар Қазоқистон коргарони як ширкати обу гармидиҳӣ эътироз карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жезказгани вилояти Улитауи Қазоқистон рӯзи 9-уми март ҳудуди 60 коргари ширкати обу гармидиҳӣ даст ба эътироз заданд. Онҳо бештар аз чаҳор соат дар кӯча истода, аз кор кардан худдорӣ варзиданд. Онҳо талаби ҳалли мушкили молӣ ва беҳтарсозии шароити кориро доранд. Коргарон гуфтанд, аз ваъдаҳои ширкат "хаста" шудаанд. Роҳбарони ширкат гуруҳи ташаббускори коргаронро барои гуфтугӯ ба дохили бино даъват карданд. Коргарони дигар пушти дар боқӣ монданд ва танҳо дар нимаи дувуми рӯз ба кори худ пардохтанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *