Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 15.03.2023

"Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро дар Душанбе муаррифӣ карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Душанбе китоберо муаррифӣ карданд, ки ёддоштӣ аст ва равандҳои муҳими Тоҷикистонро дар тақрибан сӣ соли охир дар бар мегирад. Муаллифи “Ҳаводиси рӯзгори ман”, Абдухалил Холиқзода, вазъи мушкили соҳибкорӣ, иштибоҳҳои давраи COVID ва рукуди фарҳангу маорифро дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтааст.

"Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро муаррифӣ карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе китоби Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино муаррифӣ шуд. “Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби ёддоштӣ аст, аммо равандҳои муҳими Тоҷикистонро дар тақрибан 30 соли охир фаро мегирад. Муаллиф аз вазъи соҳибкорӣ дар кишвар, рукуди фарҳангу маориф изҳори нигаронӣ кардааст.

Сёмин барои қатли Ҳувайдо 24 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия Александр Сёминро ба гуноҳи таҷовуз ва қатли духтари панҷсолаи тоҷик, Ҳувайдо Тиллозода, ба 24 сол зиндон маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 15-уми март эълон шуд.

САҲА. Баҳси нави мухолифон ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон

Ozodi.org 

"Гурӯҳи 24" мегӯяд, намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар як нишасти САҲА ба аъзояш фишор оварда, сухани онҳоро "буридааст". Бахусус, "замоне ки гап дар бораи зиндонӣ шудани 7 рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон мерафт".



Падари Ҳувайдо мегӯяд, бо ҳукм розӣ нест

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия Александр Сёминро ба гуноҳи таҷовуз ва қатли духтари панҷсолаи тоҷик, Ҳувайдо Тиллозода, ба 24 сол зиндон маҳкум кард. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, ки дар сари гӯри ӯ ваъда дода буд, "то гумонбар ҳабси якумрӣ нашавад, ором нахоҳад гирифт", ҳоло бо ҳукм розӣ нест.

Ҳабси як фаъол ва блогер бо айби итоат накардан ба пулис

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон фаъоли маҳаллӣ ва блогер Евгений Медведевро 10 рӯз ҳабс кард. Пулис рӯзи 12-уми март дар манзили вай кофтукоб анҷом дод ва дертар ӯро ба итоат накардан ба пулис айбдор кард.

Meta мавҷи дувуми ихтисори кормандонашро шуруъ мекунад

Ozodi.org 

Ширкати Meta Platforms, соҳиби шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони Whatsapp эълон кард, ки ба ихтисори 10 ҳазор кормандаш омода мешавад. Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2022 ширкати мазкур 11 ҳазор кормандро ихтисор карда буд.

Муътодонро дар Қазоқистон тариқи ташхис муайян мекунанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон бо таҳияи лоиҳаи қонуне пешниҳод карданист, ки гузаштани ҷавонон, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён аз ташхиси муътодӣ ба маводи мухаддир ҳангоми қабул ба кор ҳатмӣ гардонида шавад.

Ду варзишгар аз Тоҷикистон дар марафони Тошканд ҷоизаи молӣ гирифтанд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи V байналмилалии Tashkent Marathon, ки рӯзи 12-уми март дар майдони маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и пойтахти Узбекистон зери борони сахт баргузор шуд, варзишгарон аз 32 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, иштирок карданд.

Модараш мегӯяд, сабабгорони худкушии Умеда "беҷазо мондаанд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Аъзои як оила дар шаҳри Норак иддао доранд, ки духтари онҳо “аз ҷабри шавҳару хушдоман” худкушӣ кард, вале сабабгорони марги ӯ беҷазо монданд. Ҳодиса моҳи марти соли гузашта иттифоқ уфтодааст. Хонаводаи шавҳар даъворо намепазирад. Мақомот гуфтанд, ҳанӯз таҳқиқ идома дорад.

"Ба хонаи хушдоманаш рафт, ҷанҷол сар шуд"

Ozodi.org 

Хонаводае аз шаҳри Норак иддао доранд, ки омилони марги духтари ҷавонашон, ки як соли пеш худкушӣ карда буд, беҷазо мондаанд. Оиша Абдуалимова, модари Умедаи 25 сола, мегӯяд, духтари ӯ аз ҷабри шавҳару хушдоман қасд ба ҷони худ кард. Хонаводаи шавҳараш ин иддаоро қабул надоранд.

Ҳавопаймои ҷангии Русия як паҳбоди амрикоиро дар Баҳри Сиёҳ сарнагун кард

Ozodi.org 

Артиши Амрико эълон кард, ки як ҳавопаймои ҷангии "SU-27"-и нерӯҳои ҳавоии Русия бо як бесарнишини амрикоӣ бархӯрд кард ва ин боиси сарнагунии паҳбоди амрикоӣ дар обҳои Баҳри Сиёҳ шуд.

Қирғизистон тавсия дод, сокинонаш ба Тоҷикистон наоянд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон 14-уми март бо нашри изҳороте ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, ки муваққатан аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар изҳорот омадааст, гуё "ҷониби Тоҷикистон бе огоҳии расмӣ сафарро ба ин кишвар маҳдуд мекунад".





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *