smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 13.12.2019

Қирғизистон ҳисоби бонкии Радиои Озодиро баъди нашри таҳқиқот ҳабс кард

Ozodi.org 

Вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев аз Додгоҳи шаҳрии Бишкек хост, қарори Додгоҳи ноҳияи Свердловро дар бораи ҳабси ҳисоби бонкиии бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg-ро бекор кунад. "Матраимовҳо зидди се расона ба додгоҳ шикоят кардаанд. Онҳо ҳақ доранд, ки ба додгоҳ шикоят карда, ҳуқуқи худро талаб кунанд. Вале Додгоҳи ноҳияи Свердлов пас аз қабули шикоят зуд ҳисобҳои бонкии расонаҳоро ҳабс кардааст. Ин нодуруст аст",-гуфт вакил 12 декабр дар порлумони Қирғизистон. Читать дальше...

Қазоқистон 11,6 ҳазор гектар замини Байконурро аз Русия бозпас мегирад

Ozodi.org 

Сенати порлумони Қазоқистон рӯзи панҷшанбе тағйиру иловаҳо ба созишнома бо Русияро дар бораи иҷораи маҷмааи "Байконур" тасвиб кард, ки бозпас гирифтани чаҳор қитъаи заминро ба масоҳати 11,6 ҳазор гектар аз Русия пешбинӣ мекунад. "Ду қитъаи замин ба масоҳати 1 740 ҳектар барои тавсеаи маҳаллаи Торетами ноҳияи Қармақшии Қазоқистон ва ду қитъаи замини дигар ба масоҳати 9 950 ҳектар барои бунёди долони транзитии Аврупои Ғарбӣ - Чини Ғарбӣ, роҳи оҳани Алмато - Москва, лӯлаи Бейнеу - Чимкент гирифта... Читать дальше...

Дар Узбекистон қаллобон аз корбарони сомонаҳои фаҳш "ҷарима" меситоданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон тафтиши ҳолатҳои қаллобиеро шуруъ кард, ки ба ситонидани ҷарима аз корбарони сомонаҳои фаҳш рабт дорад. ВКД аз ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ё ҳаккероне хабар дод, ки ҳадафашон таҳдиди корбарони интернет аст. "Вақтҳои ахир ҳангоми тамошои бархе аз махзанҳои интернетӣ (аксу навори фаҳш) аз сӯи корбарон, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ба таври худкор дар саҳифаи корбар "Огоҳии шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои киберии ВКД Узбекистон" пайдо мегардад. Дар огоҳӣ навишта мешавад... Читать дальше...

Тақдири Гулнора Каримоваро духтари Мирзиёев "муайян" мекунад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканд имрӯзҳо тафтиши парвандаи нав зидди духтари калонии президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова ҷараён дорад. Дар ин бора чанде пеш Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дод. Мақомоти Узбекистон Гулнора Каримоваро, ки дар анҷоми чандин ҷиноят гумонбар аст, ин бор дар раҳбарии гуруҳи ҷиноӣ айбдор мекунанд. Тафтиши парвандаи навро муфаттиш оид ба парвандаҳои махсуси Идораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи Додситонии кулли Узбекистон Расул Юлдошев раҳбарӣ мекунад. Читать дальше...

Куштор ё худкушӣ? Таҳқиқи марги ёвари додситони Файзобод

Ozodi.org 

Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон марги Ризомуҳаммад Ализода, ёвари додситони ноҳияи Файзободро бар асоси ду фарзия – куштор ва худкушӣ – таҳқиқ мекунанд. Ҷасади Ализодаи 41-соларо рӯзи 8-уми декабри имсол, пас аз бист рӯзи нопадид шуданаш аз "Кӯли ҷавонон"-и шаҳри Душанбе ёфтанд. Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ бе зикри номаш рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, телефони мобилии Ализода бори охир дар ин маҳал фаъол будааст ва аз рӯи ҳамин нишона ҷасадро пайдо карданд. "Ғаввосон даъват шуданд ва дохили кӯлро кофтанд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *