Тоҷикистон ба сохтмони нерӯгоҳи "Даштиҷум" алоқаманд нест
Нерӯгоҳи "Доштиҷум" дар замони шӯравии собиқ тарҳрезӣ шуда, қарор буд солиёна то 4 ҳазор МВт нерӯи барқ тавлид кунад. Интизор мерафт баландии садди обанбори ин нерӯгоҳ то ба 392 метр бардошта шавад. Аммо ба далели ҳалл нашудани масоили тақсими оби рӯдхонаи марзии Панҷ бо Афғонистон, иҷрои ин тарҳ ба таъхир афтод. Пешбинӣ мешуд, ки баъд аз сохтмони обанбори нерӯгоҳи "Даштиҷум" 27 маҳалли аҳолиниш ва ҳудуди 2 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистону Афғонистон зери об монанд.
