Мақомот даҳҳо бандиро аз зиндони Толибон озод карданд
Умар Звак, сухангӯи волии вилоят рӯзи 16 июл гуфт, ки ба думболи ҳамлаи воҳиди вежа ба зиндони Толибон дар мавзеи Мусо Қалъа , 54 нафар раҳо шуд. Ба гуфтаи Звак, дар байни озодшудаҳо 32 нафар шаҳрвандӣ мулкӣ, 16 ходими пулис, чаҳор сарбоз ва ду духтури низомӣ буд. Ӯ гуфт, ки нерӯҳои вежа корҳои ҷустуҷӯиро дар ин минтақа идома медиҳанд.
Толибон ба ҳамлаи шоми 16 июл то ҳол вокуниш накарданд. Аммо ҷангиён бахши умдаи ноҳияҳои Ҳилмандро таҳти назорат доранд ва пайваста ба мақомоти вилоят ва нерӯҳои амниятӣ ҳамла мекунанд.
