Добавить новость
smi24.net
World News
Июль
2018

20 нафар, бо шумули фармондеҳи Толибон, дар Шимоли Афғонистон кушта шуд

0
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ҳуҷуми як ҳамлагари интиҳорӣ рӯзи 17 июл, 20 нафар, бо шумули фармондеҳи Толибон, кушта шуд.


Абдул Қаюм Боқизой, раҳбари пулиси вилояти Сари Пул гуфт, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки пирони деҳкада бо мақомоти Толибон мулоқот доштанд. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар душ нагирифтааст. Аммо Боқизой гуфт, ки ин кори ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" аст.


Толибон ва ҷангиёни ДИИШ рӯзҳои ахир чанд дафъа дар Шимоли Афғонистон вориди задухурдҳои шадид шуданд. Боқизой мегӯяд, дар ин даргириҳо дасти кам 100 нафар аз ҳарду тараф кушта шуд. 


Раиси Шӯрои вилоят Муҳаммад Нур Раҳмон гуфт, ҳамла дар масҷиде сурат гирифт, ки дар он маросими ҷаноза ҷараён дошт.


Бинобар дурии вилоят дурусти ин хабарҳо санҷидан душвор аст. 














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *