Ҷопон ва ИА қарордоди муҳими тиҷоратӣ бастанд
Ин қарордод, ки рӯзи 17 июл дар Токио ба имзо расид, созиши то ҳол бенамунаи Иттиҳоди Аврпуо аст, ки бозори ҷаҳонии бузурги иқтисоди озодро эҷод мекунад ва тарфуҳоро, сар аз мошинҳои ҷопонӣ то панири фаронсавӣ, аз байн мебарад.
Созишнома дар пасманзари ин нигарониҳо қабул шуд, ки ҷанги тиҷоратии байни ИМА ва Чин метавонад нақши тиҷорати озодро дар иқтисоди умумӣ ночиз кунад.
Нахуствазири Чопон Шинзо Абе қарордро бо Президенти Шӯрои Аврпуо Доналд Туск ва раҳбари Комиссиюни Аврпуо Жан-Клод Юнкер имзо кард.
Аз се як ҳиссаи тавлидоти нохолиси дохилӣ дар ҷаҳон ба Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо рост меояд ва онҳо барои рушди тиҷорат имконоти хуб доранд, гуфт як мақоми Аврупо ва афзӯд, ки дар дарозмуддат созиш иқтисоди Аврупоро ба 0,8 ва Ҷопонро ба 0,3 дар сад афзоиш хоҳад дод.
