Вокуниши кишварҳои ҷаҳон ба ҳамлаи Исроил ба Эрон
Ҳамлаи Исроил ба Эрон рузи 13 июн вокунишҳои мухталиферо дар саросари ҷаҳон эҷод кард. Президети ИМА Доналд Трамп субҳи рӯзи 13 июн аз Эрон тақозо кард, ки барои созиш бар сари барномаи ҳастаиш розӣ шавад. Ӯ гуфт, ҳанӯз ҳам фурсат барои пешгирӣ аз низои бештар бо Исроил вуҷуд дорад. Трамп дар саҳифааш дар шабакаи Truth Social навишт, “то ҳол аллакай маргу харобкории зиёде рух додааст, вале ҳанӯз ҳам вақт ҳаст, ки пеши роҳи ин қатлҳо гирифта шавад, чунки ҳамлаҳои ояндаи аллакай ба нақша гирифташуда аз ин ҳам бераҳмонатар мешаванд”. Читать дальше...
