Бино ба омори тозаи Бонки Авруосиёии Рушд, интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол 66 дар сад афзуда ба 1.8 миллиард доллар расидааст. Дар як баёнияи кӯтоҳи ин бонк дар Телеграм омадааст, ки афзоиши пулҳои интиқолӣ, қимати баланди тиллои содиротӣ сабаби тақвияти қурби сомонӣ пули миллии Тоҷикистон шудааст.
Ба гуфтаи Бонки Авруосиёии Рушд, ки Русия аз бунёдгузорони асосии он аст, аз аввали имсол қурби сомонӣ дар баробари доллар 12.5 дар сад ва то аввали моҳи июл 3.3 дар сад боло рафтааст. Читать дальше...