Сар аз 1 сентябр дар Русия барои муҳоҷирони корӣ боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Бар асоси тағйирот ба Кодеки андози Русия, минбаъд барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷойи будубоши онҳо 500 рубл ситонида мешавад. Феълан ин хизматрасонӣ ройгон аст.
Ҳамчунин муҳоҷирони корӣ барои гирифтани патент ва ё тамдиди он 4200 рубли иловагӣ месупоранд.
Дар сурати дароз кардани муҳлати иҷозанома барои кор, айни пулро бояд пардозанд ва агар мехоҳанд, нусхаи патент ва ё иҷоза барои кор бигиранд, 2100 рубли дигар боҷи давлатӣ месупоранд. Читать дальше...