"Ба ҷавобгарӣ кашед." Талаби Тоҷикистон аз Русия
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кушта шудани навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар мактабе дар вилояти Маскав "қатъиян маҳкум карда", аз мақомоти Русия талаб намудааст, ки ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд. Ҳодиса рӯзи 16-уми декабр рӯй дод.
