Писари захмии Рамазон Қодировро барои муолиҷа ба Маскав бурдаанд
Баъд аз нашри хабарҳо дар бораи садамаи сахти мошини писараш раҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Русия, Рамазон Қодиров видеоеро бо ҳузури ӯ ва супурдани нишон ба Одам Қодиров дар нашр кард. Аммо бино ба гузориши вебсайти қафқозии Радиои Озодӣ, таҳқиқи замону дигар иттилооти хоси видео дар канали Қодиров дар Телеграм нишон додааст, ки онро рӯзи 15-уми январ ва як рӯз пештар аз вуқӯи садама бардоштаанд. Созмони мухолифи NIYSO низ гуфтааст, ки аксҳо аз ҷаласаро наздикони Қодиров ҳамон рӯзи 15-уми январ нашр карда буданд. Читать дальше...
