Ҷабборов хост, тарҳи қонун дар бораи эҳёи ҳукми қатл таҳия шавад
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур додааст, ки тарҳи ислоҳи қонун дар бораи баргардонидани ҳукми қатл таҳия шавад.
Аскат Алагозов, сухангӯи президенти Қирғизистон рӯзи якуми октябр гуфт, гап асосан сари онҳое меравад, ки ба ҷинояти озори ҷинсии кӯдакон ва ё куштори занон, даст мезананд.
Ин тасмими раисҷумҳури Қирғизистон дар пасманзари қатли як духтари 17-сола гирифта шуд. Ҳодиса дар вилояти Иссикул рух дода, дар ин кишвар сару садои зиёде ба по кардааст.
Айсуулу рӯзи 27-уми сентябр нопадид шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади ӯро аз дараи Бум пайдо карданд. Бо гумони куштори ӯ як сокини 41-солаи Бишкек боздошт шудааст.
Бино ба фарзияи тафтишот, мард Айсуулуро ба мошинаш шинонда, ба боғе мебараду таҷовуз ва қатл мекунад.
Содир Ҷабборов ин қазияро зери назорати шахсии худ гирифтааст.
Қирғизистон соли 2007 ҳукми эъдомро манъ кард. Пешниҳодҳо дар бораи дубора баргардонидани он дар ин кишвар чанд сол боз садо медиҳанд.