Добавить новость
smi24.net
World News
Март
2026
1 2 3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Тоҷикистон аз Фонди Абу Забӣ $100 млн қарз мегирад

0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ бо Фонди Абу-Забиро тасвиб кардааст. Қарор аст, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз ин фонд 100 миллион доллар қарз гирад.

Файзидди Қаҳҳорзода, вазири молия 25-уми феврал дар назди вакилон гуфт, 100 миллион доллар ба муҳлати 17 сол ва бо 2,5 фоиз солона гирифта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.

Соли 2024 Бонки ҷаҳонӣ барои "Роғун" 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.

Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.

Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.















Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *