Оҷонсӣ аз поён рафтани нархи билети ҳавопаймоҳо хабар дод
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2025 нархи билет ба хориҷи кишвар 25-30 дарсад поён рафтааст. Аз ҷумла мақомот мегӯянд, билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия 15-20 дарсад арзонтар шудаанд. Аммо мусофирон, бахусус муҳоҷирон аз гарон будани нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия шикоят доранд. Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия 1400 ва билети бозгашт 2800-3000 сомонӣ аст. Намояндагони Оҷонсии авиатсия гуфтанд... Читать дальше...
