Номи ду осебдидаи тоҷик дар сӯхтори Красногорск эълон шуд
Номи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сӯхтори шаби 28-уми январ дар Красногорски Русия осеб дидаанд, эълон шуд.
Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, инҳо Асадбек Чориеви чаҳорсола ва Парвина Рӯзимаматоваи 24-сола ҳастанд.
Мақомоти намояндагӣ гуфтанд, дар сӯхтор чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон фавтида, масъалаи интиқоли ҷасадҳо ба кишвар баррасӣ мешавад. “Феълан кормандони мо дар бемористоне ҳастанд, ки онҷо шаҳрвандони осебдида табобат мегиранд. Бо наздикони онҳо дар тамос ҳастем”, - гуфтанд дар намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад.
Қаблан расонаҳои Русия гуфта буданд, сӯхтор дар манзиле сар зад, ки дар онҷо нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се кӯдак иҷоранашин буданд. Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.