Русия дар интизори таҳримҳои нав - ҷаласаҳо дар ҳама сатҳ ҷараён доранд
Биноба эҳтимоли таҳримҳои нави Ийолоти Муттаҳида алайҳи Русия, ҳукумати ин кишвар дар тамоми сатҳҳо ҷаласа доир кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як мақоми баландпояи Кремлин хабар дод. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати нашрия, нишастҳои машваратӣ оиди таҳримҳо, ҳам дар сатҳи муассисаҳои алоҳидаи соҳавӣ ва ҳам маъмурияти президент доир шуданд.
Мақомдори дигари федеролӣ ба "Коммерсант" гуфт, ки барномаи умумии муқовимат ба таҳримҳо "ҳоло таҳия нашудааст" ва афзӯд, ки фаҳмиши чораҳои ҷавобӣ танҳо баъди ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо аз тарафи Вашингтон ба миён меоянд. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки Кремлин "тадобири эҳтиётӣ" -ро дар ҳар сурат андешидааст.
Интизор меравад, ки маъмурияти президенти ИМА охири моҳи январ "гузориш дар бораи Кремл"-ро ба Конгресс пешниҳод кунад. Дар ин санад номи афроди наздик ба Путин, ки эҳтимолан мавриди таҳрим қарор мегиранд, зикр мешавад. Дар маҷмуъ, ба гуфтаи матбуот, ба рӯйхати таҳримҳои нав исми дастикам 300 нафар, бо шумули соҳибкорон ва мақомоти баландпояи Русия ва аъзои хонаводаи онҳо шомил мешавад.
26 январ ИМА таҳримҳои зидди Русия барои ишғоли Қрим ва дахолат ба авзо дар Шарқи Украинаро тавсеа дод. Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 21 нафар ва 9 ширкат шомил шуд. Муовини вазири энергетикаи Русия Андрей Черезов, ширкати "Технопромэкспорт", шохаҳои "Сургутнефт" ва Силовых машин" дар ин рӯйхат ҳузур доранд.