Белгия сарнавишти пулҳои ҳабсшудаи Остонаро баррасӣ кард - натиҷа маълум нест
Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетоев рӯзи чоршанбе гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш қарори додгоҳи шаҳри Брюссел дар робита ба дороиҳои ҳабсшудаи Бунёди миллии ин кишвар дар хориҷро мунтазир аст.
Расонаҳо охирҳои соли гузашта хабар доданд, ки бонки New York Mellon дар пайи шикояти тоҷири молдовӣ Анатол Статӣ ва ширкати ӯ 22 миллиард доллари Бунёди миллии Қазоқитонро ба ҳабс гирифтааст.
Ба гуфтаи Бекетоев, додгоҳи Белгия рӯзи ҷумъа масъалаи дар ҳабс мондан ё намондани пулҳоро баррасӣ кард, вале ҳанӯз тақдири ояндаи ин маблағҳо маълум нест.
"Ман шубҳа дорам, ки ҳамаи пулҳо - 22 миллиард доллар дар ҳабс бимонанд. Умедворем, ки қарори ҳабси ҳамаи маблағҳо бекор хоҳад шуд. Агар қисман ҳам озод шавад, ин маънои онро надорад, ки пулҳо ба ҳисоби Статӣ гузаронда мешавад. Онҳо то қарори ниҳоии додгоҳ дар ҳабс мемонанд", - афзуд вазири адлияи Қазоқистон.
"New York Mellon" дар пайи як баҳси ҳуқуқии Остона бо сармоягузори молдовӣ Анатол Статӣ дороиҳои бунёди Қазоқистонро ҳабс кард. Статӣ ва ширкатҳои ӯ, ки дар бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд, мегӯянд, қурбони таъқибҳои ҳукумати ин кишвар ва президент Нурсултон Назарбоев шудаанд. Ӯ мегӯяд, таҳти фишор маҷбур будааст, дороиҳои худро бо нархи арзон фурӯшад.