Дастикам 13 нафар аз ғарқ шудани қаиқ дар Мисури ҳалок шуд
"Бисёр як ҳодисаи даҳшатнок ва фоиҷиабор рух дод"- гуфт Майкл Парсон ба хабарнигорон. ва афзӯд, ки ҳалокати 13 нафар тасдиқ шуд, се нафари дигар ҷустуҷӯ мешавад. Кофтукоб идоам дорад."
Аз шумори сайёҳон 7 нафар ҷон ба саломат бурда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ба бовари мақомот, ҳавои тӯфонӣ бабаби садамаи қаиқ шудаст. Як қаиқи дигар тавонист беосеб ба соҳил бирасад.
DUKW, ки онро "қаиқи урдак" низ меноманд, дар замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барои интиқоли сарбозон ва лавозимоти ҷангӣ истифода мешуд. Дертар онҳоро барои бр ҷойи безарар кӯч додани осебдидагони селу обхезӣ ё сайёҳат мувофиқ карданд.
