The Guardian: Манафорт чанд дафъа бо Ассанҷ мулоқот карда буд
Пол Манафорт, сиёсатмадори амрикоӣ ва раҳбари пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп, якчанд дафъа бо бунёдгузори Wikileaks Ҷулиан Ассанҷ мулоқот карда буд. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 27 ноябр хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Манафорт дастикам се дафъа дар соли 2013, 2015 ва 2016 дар сафорати Эквадор дар Лондон бо Ассанҷ мулоқоти пинҳонӣ дошт. Ассанҷ бинобар таҳдиди боздошташ аз ҷониби Британия аз Эквадор паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт ва чанд сол боз дар сафорати ҳамин кишвар зиндагӣ мекунад.
Манбаҳои The Guardian нагуфтаанд, ки муҳтавои гуфтушуниди Манафорт бо Ассанҷ аз чӣ иборат буд. Аммо санадҳои Ҳизби Демократи ИМА-ро, ки ба гуфтаи хадамоти махсуси Амрико аз роҳи ҳамлаҳои ҳакерии Русия берун омаданд, маҳз Wikileaks нашр кард. Аз ин рӯ, нашрияи британиявӣ фарз мекунад, ки мулоқоти Манафорт бо Ассанҷ метавонад барои прокурори вежаи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи соли 2016 ҷолиб бошад.
Вакилони Манафорт рӯзи гузашта аз номи ӯ изҳорот доданд, ки дар он Пол Манафорт ҳамагуна мулоқот бо Ассанҷро қотеъона рад кардааст. Ӯ гуфтааст, ки нашрияи The Guardian ба додгоҳ мебарад. Дар Wikileaks низ ин хабарро тасдиқ накарданд.
Пол Манафорт соли 2016 якчанд моҳ раҳбари ситоди интихоботии президент Трамп буд ва қабл аз баргузории интихобот барканор шуд. Ӯ бо чандин ҷурм, аз ҷумла тақаллуби бонкӣ ва молӣ таҳти боздошт қарор дорад.