Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Киев баъди ғасби киштиҳояш ба Додгоҳи байналмилалӣ шикоят бурд

0
Украина баъди ғасби киштиҳояш аз сӯи марзбонони Русия дар таърихи 24-уми ноябр ба Додгоҳи байналмилалии СММ дар умури ҳуқуқи баҳрӣ шикоят бурд.


Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Украина  рӯзи 29-уми ноябр хабар дод. Дар хабар гуфта шудааст, ки феълан шикояти Украина дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.


Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Украина омадааст, Русия ба "дунболагирии табъизомез"-и киштиҳои украинӣ ва хориҷӣ, ки мехоҳанд гулугоҳи Керчро убур кунанд, идома медиҳад.


Марзбонони Русия рӯзи 25-уми ноябр се киштии ҳарбии Украинаро тасарруф карданд. 24 маллоҳ боздошт ва баъдтар додгоҳи Қрими ишғолшуда онҳоро то ду моҳ ҳабс кард. Мақомоти Русия маллоҳони Украинаро дар марзшиканӣ айбдор мекунанд.


Ба дунболи ин таҳаввулот, ки Киев онро тавтеаи Русия унвон кардааст, президенти Украина дар қаламрави кишвар ҳолати низомӣ эълон кард.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *