Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Май
2020

"Коронавирус мушкилоти низоми бимаро дар Тоҷикистон ошкор кард"

0

Зарнигор (бо дархости мусоҳиб исмаш иваз шудааст) дар Душанбе дар як ташкилоти байналмилалӣ кор мекунад ва 8 рӯз мешавад гирифториаш ба КОВИД-19-ро аз ҳисоби бимаи ширкати байналмилалии Cigna муолиҷа мекунад. Зарнигор аз ин назар худро хуштолеъ меномад, чунки аксар дӯстону наздикони ӯ дар Тоҷикистон бимаи тиббӣ надоранд ва барои хариди доруву пардохти хадамоти духтур ва муассисаҳои тиббӣ бояд танҳо ба умеди худ бошанд.

Онҳое, ки аслан даромаде надоранд, ба қавли як ҳамшираи шафқат дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, аз пайи муолиҷа ҳам шуда наметавонанд. "Дар миёни ин гурӯҳи беморони коронавирус оилаҳои муҳоҷирони корӣ кам нестанд, чун шавҳаронашон дар Русия бекор дармондаанд ва оилаҳояшон дар Тоҷикистон ҳатто антибиотик харида наметавонанд", мегӯяд ин ҳамшира.

Коронавирус, ки то кунун ба қавли мақомот, беш аз се ҳазор сокини Тоҷикистонро олуда кардааст, мушкилоти зиёди низоми беҳдоштии Тоҷикистон ва ба вижа, эҳтиёҷ ба пуштибонии иҷтимоӣ ба шакли бимаи тиббиро ба мадди аввал баровард.

Бархе сокинони аз коронавирус шифоёфта дар Тоҷикистон мегӯянд, харҷи пурраи табобати COVID-19 барояшон 250-300 доллар тамом шуд. Бо назардошти инки 30 дарсади аҳолӣ зери хати фақр (бо даромади 1.05 доллар дар рӯз) асту маоши миёна дар бахши хидмати давлатӣ 1 ҳазору 36 сомонӣ (муодили 130 доллар бо ҳисобҳои соли 2018) мебошад, пардохти хароҷоти бемории тӯлонимуддат барои бисёриҳо гарон афтод.

 

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, агар дар кишвар бимаи тиббии ҳамагонӣ амал мекард, бисёриҳо, бахусус қишри нодор, саривақт барои муолиҷа муроҷиат карда, шояд ҷони афроди зиёдеро наҷот додан мумкин буд.

Қонуни суғуртаи тиббӣ

Қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон" соли 2008 қабул, даҳ сол баъд такмил шуд ва қарор аст аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор бигирад. Аксар ширкатҳои хусусиву давлатии фароҳамкунандаи хадамоти суғуртавӣ бар асоси иҷозатномаи Бонки миллӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон амал мекунанд.

Чанд ширкати суғуртавӣ, аз ҷумла ширкати давлатии "Тоҷиксармоягузор", ширкатҳои хусусии "Меҳнат", "Суғуртаи аввалини миллӣ" ва Bima Insurance ҳудуди даҳ намуд хадамоти суғуртавӣ пешниҳод мекунанд. Аз миёни онҳо "Тоҷиксармоягузор" бимаи тиббӣ пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ки ин бимаи ихтиёрӣ аст. Вале талоши дарёфти шарҳи бештари ин хадамот аз раҳбарияти ин ширкат натиҷа надод.

Ширкати дигари хусусии Bima Insurance бо назардошти пандемияи коронавирус барномаи нави "Полиси антикоронавирус" ҷорӣ карда, ба муштариёнаш дар Тоҷикистон ду пешниҳод -муайян кардани сирояти коронавирус ва пардохти 10 ҳазор сомонӣ дар ҳолати марг бар асари коронавирусро фароҳам намуд. Ин хадамот як сол амал мекунад ва вобаста ба шакли хадамот, аз 100 то 10 ҳазор сомонӣ арзиш дошта сокинони 10 то 65-соларо фаро мегирад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон барои шарҳи ин мавзӯъ дастрас набуд.

Таҷрибаи бимаи коргарон ва печидагиҳои низоми бима

Абдухалил Холиқзода, мудири шифохонаи "Ибни Сино" дар Душанбе мегӯяд, ин муассисаи тиббӣ солҳои 2013-2014 барои қабул шудани қонун дар бораи бимаи ҳатмии тиббии коргарон хеле талош кард. Ҳадаф ин буд, ки корхонаҳо соле барои ҳар коргарашон 250 ё 500 сомонӣ маблағ пардохт кунанд ва бо ин бима коргар битавонад аз хадамоти тиббии ин муассиса истифода кунад.

Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, тарҳи қонун ҳам дар сатҳи мақомоти порлумон ва ҳам дафтари нахуствазири Тоҷикистон пуштибонӣ дид, вазири вақти тандурустӣ ба он мухолифат кард. Ба навиштаи расонаҳо, далели мухолифати вазорат ин буд, ки феълан буҷаи давлатӣ барои роҳандозии ин барнома омода нест.

Абдухалил Холиқзода мегӯяд, мушкилоти ҷиддии татбиқи низоми бимаи тиббии ҳамагонӣ дар Тоҷикистон ба нокомил будани қонунгузорӣ, мушкилоти иқтисодии мардум ва аз инҷо ноомода будани зеҳнияти сокинон барои доштани бимаи тиббӣ рабт мегирад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, низоми суғурта чунин аст, ки дар равобити миёни ширкати бима ва бемористон ихтилоф вуҷуд дорад: беморхона манфиатдори хадамот, яъне даромади бештар ва ширкат манфиатдори харҷи камтари пулҳо аст.

"Қонуни суғурта иҷоза намедиҳад, ки аз 30% бештар масраф шавад. Қонуни суғурта муваззаф мекунад, ки 70% даромади шумо дар сандуқҳои захиравӣ нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, ин муомилоти ҳуқуқӣ печидатар аз танҳо мафҳуми бимаи дармон аст. Агар ширкатҳои бисёрмиллиардии давлатӣ бошанд, ҳамон қадар бештар метавонанд ба бемористонҳо харҷ бикунанд. Ширкати хусусӣ бошад, агар дар як сол 1 миллион сомонӣ ба даст оварду ба бемористон барои дармон 300 ҳазор сомонӣ дод, ин чизе намешавад".

Коршиносон: ҷорӣ шудани суғуртаи ҳамагонӣ мушкили печида, вале амри зарурӣ аст

Иқтисодшиносе, ки ҳанӯз 15 сол пеш зарфиятҳои давлати Тоҷикистонро дар заминаи ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст, мегӯяд, ин масъала печидагиҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ ва аз он бештар – мушкили сармоягузорӣ аз ҷониби давлатро дорад.

Ин коршинос, ки дар як созмони молии байналмилалӣ ба унвони мушовир кор мекунад ва аз нашри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар Тоҷикистон дар солҳои наздик ҷорӣ нахоҳад шуд, чунки давлат феълан имкони пӯшиш додани хароҷоти ҳангуфти муолиҷаву дармони сокинонро надорад. "Танҳо дар сатҳи корхонаҳои алоҳида, агар онҳо буҷаи кофӣ дошта бошанд, мешавад ин масъаларо то ҷое ҳал кард. Вале на дар корхонаҳои давлатӣ". 

Иқтисодшиноси тоҷик Заррина Пӯлодова мегӯяд, дар иқтисоди дар ҳоли гузари Тоҷикистон "бозори суғурта рушднокарда боқӣ мемонад. Як сабабаш дар инҳисори бозор аз ҷониби ширкатҳои давлатӣ мебошад". Бо ин ки аз сӯе шумори бимаҳои ҳатмӣ афзоиш меёбад, боздеҳи онҳо дар баробари муштарӣ қонеъкунанда нест, гуфт ӯ. Ба андешаи Пӯлодова, ин ҳолат боиси беэътимодӣ ба хадамоти суғурта мешавад.

Вале бӯҳрони коронавирус, ба андешаи коршиносон, як ҳушдори ҷиддие ба ҳукумати Тоҷикистон шуд, ки аз ҷумла, бояд дар бахши ҳимояти беҳдоштии аҳолӣ як таҳаввулоте сурат бигирад.

Ҷомеашинос Музаффар Олимов мегӯяд, сохтори бима дар ҳамин шароит бояд фаъол мебуд. Агар солҳои пештар ҳамин сохтор роҳандозӣ мешуд, таваҷҷӯҳи ҷомеа ҳам бештар мешуд. Ин ҷо нақши матбуот ҳам муҳим аст, нагуфтанд, ки ҳамин бахш куҷо аст, ки ҳоло бояд аз ҷиҳати молӣ ва тиббӣ дастгирӣ мекард. Набудани бахши бима як камбудии аслии имрӯзаи мо аст". 

Дар Тоҷикистон хидматрасонии тиббӣ амалан пулакӣ аст, вале таҳқиқоти худи Вазорати тандурустӣ дар гузашта маълум кардааст, ки маблағҳои ҳангуфте ҳамоно берун аз қайду муомилоти расмӣ мемонад. Соли 2019 ин вазорат гуфт, соли 2018 сокинони Тоҷикистон ба табибон беш аз 320 миллион доллар ришва додаанд. Коршиносон мегӯянд, ин далели он аст, ки сокинон ба сарфи пул барои муолиҷаи худ омода ҳастанд, вале дар сурати танзими дурусти хидматрасонии тиббӣ, зарурате барои порадиҳӣ ва пинҳонкорӣ намемонад.

Мисоли кишварҳои дигар

Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ талошҳои муайяне барои ҷорӣ кардани бимаи сартосарии тиббӣ карда мешавад, вале дар аксари онҳо ҳамоно хароҷоти аслии бемор ба дӯши худаш аст.

Бактигул Маданбекова дар дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкек масъули пӯшиши масоили беҳдоштӣ аст. Ӯ мегӯяд, дар Қирғизистон барои кормандони соҳаи буҷавӣ аз ҳаҷми умумии суғуртаи иҷтимоии ҳармоҳа 6 дарсадаш барои пӯшиши бимаи тиббӣ ситонида мешавад. Ин маблағ ба буҷаи Бунёди умумии бимаи тиббӣ меравад ва ба он аз ҷониби давлат ҳам ҳиссае илова мешавад. Дар натиҷа, ҳар сокини кишвар бар асоси ҳамин бима ҳаққи дастрасии ройгон ба хадамоти поликлиникаҳои назди макони зисти худро дорад.

Илова ба ин, бистарӣ шудани бемор дар беморхона ё зоишгоҳ ҳам бепул аст, вале хидматрасонии дигар, мисли гузашта аз санҷиши лабораторӣ, пардохти маблағи дору ваё амалиёти ҷарроҳӣ аз ҳисоби худи шаҳрванд аст. Ба гурӯҳи онҳое, ки имтиёз ваё ба хадамоти тиббии бепул ҳақ доранд, қишри осебпазири мисли нафақахӯрон ва кӯдакони то панҷсола дохил мешаванд. Маданбекова мегӯяд, беморони саратон ваё вобаста аз гемодиализ ҳам бепул муолиҷа мешаванд.

Маданбекова гуфт, гоҳо дар муассисаҳои тиббӣ аз нодониву бесаводии бемор сӯиистифода карда, духтурон барои хадамоти ройгон пул меситонанд ва дар ин ҳолат, "агар ҳаққи худро бишносӣ, санади бимаро нишон бидиҳӣ ва даъво кунӣ, ҳақ бар ҷониби ту аст".

Елизавета Поленова, як сокини рустабори шаҳри Прага мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Чех, бимаи ҳатмии тиббии VZP дорад. Ин санад, ки моҳе тахминан 100 доллар ҳақпулӣ дорад, пардохти 80-100 дарсади ҳолати муолиҷаи беморро кафолат медиҳад. Вале ба фарқ аз муштарӣ, табибон тавассути ин бимаи сартосарии давлатӣ даромади камтар мебинанд – тахминан 5 доллар барои ҳар муоина.

“Дар натиҷа, духтур талош мекунад дар соати кориаш ҳарчи бештар муштариро қабул кунад, вале инро муштариҳо хуш надоранд”, мегӯяд як табиби амрози занона дар шаҳри Прага. "Манфиати бимаи давлатӣ бештар ба бемор нигаронида шудааст, то ба ҳимояи ҳуқуқи мо, духтурон".

Поленова ҳам мегӯяд, ин бима барояш баъди 63-солагӣ ройгон хоҳад буд. Ширкати бимаи ҳатмии VZP бо собиқаи 30-солаи корӣ мегӯяд, 6 миллион муштарӣ дошта, соли 2020 барои муолиҷаи муштариёнаш 208 миллиард крон (8,7 миллиард доллар) сарф хоҳад кард, ки 11% бештар аз соли гузашта мебошад.

Буҷаи тандурустӣ “бемор аст”

Соли 2018 барои бахши тандурустии Тоҷикистон 1,5 миллиард сомонӣ (170,1 млн доллар) ҷудо шудааст, ки 7 % буҷаро ташкил медод. Қисмати бештари маблағ барои музди кормандони соҳа, хариди таҷҳизот ва доруворӣ харҷ шудааст. Ин маблағ, ба қавли коршиносон, фавқулодда нокофӣ аст ва бо ҳамин сабаб ҳам наметавонад барои татбиқи барномаҳои рушд дар ин соҳа равона шавад.

Айни замон, аксар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар сурати мудирияти беҳтар ва ҷустуҷӯи роҳу равиши пешрафтаи замонавӣ мешавад вазъро дигар кард ва аз роҳи ислоҳоти усулӣ дар соҳаи беҳдошт ба натиҷае расид.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, "соҳаи тиб ҳам мисли дигар бахшҳои иқтисоду маорифи Тоҷикистон ба мудирону тасмимгирандаҳои замонавиву огоҳ аз пешрафтҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад. Аниқтараш, ин ҷо ҳам бояд як такони сиёсӣ шавад, вагарна бо ин ҳоли рукуд коронавирус охирин мусибат нахоҳад буд".







Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Родители 240,5 тыс. детей в Московской области получают единое пособие

Состоялась церемония вручения премии Men Today Trends

Врач дерматолог-косметолог Мадина Байрамукова: что делать, если вас ужалила медуза

В Воскресенске росгвардейцы задержали гражданку, находящуюся в федеральном розыске


Самой популярной солнцезащитной оптикой в Махачкале стали очки бренда Polaroid

5 болезней, которых не существует, но которые до сих пор диагностируют

Участники VK Fest смогут проверить свое здоровье на стенде «Будь Здоров»

Сборная СЛД «Чита» одержала победу над командой Камеруна в товарищеском матче по футболу


Chelsea enter Conference League despite speculation they could snub Uefa competition after facing tough financial rules

Who could England get next in Euro 2024 knockout stage after going through to last-16?

Cubs Suffer Another Devastating Injury to Starting Rotation

Commentator’s curse strikes immediately as LIV golf hothead Tyrrell Hatton swears live on TV after losing it at the WIND


Военные следователи провели рейд по бывшим мигрантам в Феодосии

CorpSoft24 перевела информационные системы ВДНХ на платформу «1С: Предприятие 8»

Более 12 млн раз проехали автомобилисты по платной трассе М-12 Восток

ТСД промышленного класса Saotron RT-Т510


Прохождение элитного подземелья «Лесной алтарь» в Tarisland

All Destiny 2 Prismatic fragment locations

'I absolutely suck at video games': Hidetaka Miyazaki discusses how he prepped for Elden Ring: Shadow of the Erdtree

'Maybe this new Stardew Valley-like game is pretty good' I said to myself after blearily noticing I'd played it until 2 in the morning


Робота водієм у Таксі 571 (Київ)


Жить в достатке, встретить любовь и создать семью — три главных желания российской молодёжи

В Воскресенске росгвардейцы задержали гражданку, находящуюся в федеральном розыске

Инновации в логистике: какие технологии изменят логистику в России в ближайшем будущем

Аромат романса и романтика слова – звезды оперной сцены представили I Международный фестиваль «Мир классического романса»


Состоялась церемония вручения премии Men Today Trends

В Подмосковье завершилась ежегодная областная выставка племенных животных

В Москве врачи спасли 31-летнюю пациентку с пятью тромбами и некрозом в мышцах

Минтранс Подмосковья составил перечень маршрутов до пляжных зон отдыха


Третий класс пожарной опасности спрогнозировали в Подмосковье до 30 июня

Опубликовано видео пролета метеора в Мелеузовском районе Башкирии

Красоты и музеи Подмосковья, ч.4

Цифровой марафон. Сбер объявил победителей IT-конкурса


МОК официально допустил Медведева, Сафиуллина, Александрову и Андрееву на Олимпиаду

Хачанов и Калинская выступят на турнире в Вашингтоне, который пройдет во время Олимпиады

Елена Рыбакина и Юлия Путинцева узнали соперниц на старте Уимблдона-2024

WTA удивила решением по Елене Рыбакиной перед стартом Уимблдона


ГК «Рики» и ОАО «РЖД» создали тематический проект «Мульти-Россия. Путешествия на поезде»

На Дне молодёжи расскажут о возможностях национальных проектов

Июль в Москве начнется с жары, которой не было более века

«Кроссовер в самом жирном исполнении обойдется в 2,4-2,5 млн. рублей». «Автовзгляд» рассказал, сколько стоит двухлетняя Hyundai Creta с небольшим пробегом


Музыкальные новости

Депутат ЗСК Виктор Тепляков провёл комиссионный осмотр Центра творческого развития в Сочи

Певец Лев Лещенко вспомнил, как служил в Германии в одни годы с Элвисом Пресли

Литература: Почему Владимир Высоцкий всю жизнь мечтал познакомиться с Иосифом Бродским, а после встречи расплакался, как ребенок

Гром среди ясного неба: Семья Нетребко и Эйвазова не выдержала испытания «Крокусом»


Жить в достатке, встретить любовь и создать семью — три главных желания российской молодёжи

В Воскресенске росгвардейцы задержали гражданку, находящуюся в федеральном розыске

Аромат романса и романтика слова – звезды оперной сцены представили I Международный фестиваль «Мир классического романса»

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Родители 240,5 тыс. детей в Московской области получают единое пособие


Детская зона «ЯРКО» – на Летней Спартакиаде «Газпром-Медиа Холдинга»

«Я хотела, чтобы все ужаснулись»: Певица MARGO рассказала о пластических операциях в «УТРО.ТНТ»

Если спорт – это мир, то баскетбол – целая жизнь: президент РФБ Андрей Кириленко о карьере спортсмена, медийности и стратегических планах развития

КОМПАНИЯ LG НАЗВАНА ОФИЦИАЛЬНЫМ ПАРТНЕРОМ ЧЕМПИОНАТА МИРА ПО КИБЕРСПОРТУ 2024 ГОДА В САУДОВСКОЙ АРАВИИ


Ямочный ремонт асфальта услуги в СПб

Дворы ремонтируют с эвакуацией // Коммунальные активно перемещают припаркованные у домов машины

Как выбрать китайский автомобиль в России?

Нанесение дорожной разметки цена в Питере


Выпускные вечера пройдут в России 28 и 29 июня

???????????????? О российском турне конголезского президента

Президент Конго приехал к Путину в Москву

В Кремле раскрыли тему переговоров президентов России и Конго




Собянин рассказал о работе московских центров ментального здоровья

Московские врачи пересадили сердце 12-летнему мальчику из Нижегородской области

Доктор ИИ: как нейросети уже помогают врачам лечить пациентов

В Москве от ожогов умер доцент кафедры беспозвоночных биофака МГУ Малыгин


ЕС заключил с Киевом договор о «безопасности»

Зеленский признал, что Киев не хочет затягивания конфликта из-за больших потерь

Зеленский заявил о нежелании затягивать конфликт из-за больших потерь ВСУ


Сотрудник Управления Росгвардии по Пермскому краю стал участником марафона спортивных успехов

Камила Валиева поступит в ВУЗ и будет учиться на тренера

Деликатес в чаше: всего по чуть-чуть

Сотрудник Управления Росгвардии по Пермскому краю стал серебряным призером чемпионата по гирьевому спорту


Посол Беларуси: Визит Лукашенко придал дополнительный импульс развитию двустороннего сотрудничества


Собянин поздравил Московский продюсерский центр с юбилеем

Собянин подвёл итоги десятилетней работы Московского продюсерского центра

Собянин рассказал о работе московских центров ментального здоровья

Сергей Собянин поздравил московских выпускников с успешным окончанием школы


Мосэкомониторинг: Качество воздуха в Москве может ухудшиться до утра 29 июня

Величие российских рек: Круиз на теплоходе Александр Невский

На российскую столицу надвигается африканская жара

«Мега-зной» идёт в Москву. Метеоролог: барический максимум раскалит воздух


ТЦ "Наутилус" в центре Москвы повторно выставили на торги со скидкой в ₽650 млн

На колесах по Карелии

«Кроссовер в самом жирном исполнении обойдется в 2,4-2,5 млн. рублей». «Автовзгляд» рассказал, сколько стоит двухлетняя Hyundai Creta с небольшим пробегом

Водителей Подмосковья просят не садиться за руль при плохом самочувствии в жару


АО «Транснефть - Север» выпустило молодь атлантического лосося в реку в Архангельской области

В Димитровграде проводят чемпионат России по парусному спорту в классе «микро»

АО «Транснефть - Север» выпустило молодь атлантического лосося в реку в Архангельской области

Портативный ТСД корпоративного класса Saotron RT-T70


Выставка-предупреждение «Лицо беды»

Водитель так торопился к морю, что вдребезги разбил о дерево свою жизнь

Удивительно, но факт: в Симферополе снять квартиру дороже, чем в Севастополе

На участке западного обхода Симферополя ограничено движение до ноября


Горожане зарядили электромобили на станциях «Энергии Москвы» уже 500 тыс. раз

Жить в достатке, встретить любовь и создать семью — три главных желания российской молодёжи

Список Казанской иконы Божией Матери прибудет в Ставрополь 4 июля

Красоты и музеи Подмосковья, ч.4














СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *