Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2021

Даъвати Парлумони Аврупо ба таҳримҳои сахт алайҳи режими “ҷиноии” Беларус

0
Дар посух ба саркӯбҳои шадид,  фуруди маҷбурии ҳавопаймову  ҳабси фаъоли мухолифон Раман Пратасевич Парлумони Аврупо ба таҳримҳои шадид ва тадбирҳои дигар алайҳи Беларус даъват кард.  Дар қатъномае, ки 10-уми июн қабул шуд, ба ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ дар  саноати коркарди нафт, калий,  пӯлод  ва чӯби Беларус даъват шудааст. Қонунгузорони аврупоӣ гуфтанд, бар асоси ин таҳримҳо, ҳамкориҳо бо бонкҳои давлатӣ қатъ шуда, Беларус аз пайвастшавӣ ба низоми бонкии SWIFT маҳрум мешавад.


Иттиҳоди Аврупо дар се даври таҳримҳо 88 шахс ва ҳафт ширкати  беларусӣ, аз ҷумла худи президент Александр Лукашенкоро таҳрим кард, ки иддаои ӯ дар заминаи пирӯзӣ дар интихобот боиси эҷоди эътирозҳои сартосарӣ шуд. Пеш аз он ки рӯзи 23-уми май Минск ҳавопаймои ширкати Ryanair-ро фуруд овард, Иттиҳоди Аврупо дар андешаи ҷорӣ кардани бастаи чоруми таҳримҳо буд. Дар қатъномаи нашршуда режими Беларус   “ғайриқонунӣ ва ҷиноӣ” номида шудааст.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *