Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2021

Омори қурбониёни КОВИД-19 дар Эрон рӯ ба афзоиш аст

0
Рӯзҳои ахир шумораи гирифторон ба навъи "Делта"-м бемории КОВИД-19 дар Эрон афзоиш ёфтааст. Рӯзи душанбеи 9-уми август мақомоти Эрон эълон карданд, ки дар як шабонаруз ба камиаш 588 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, 41 ҳазор мубтало шуданд.


Ин омор дар ҳоле эълон шуд, ки тибқи иттилои расонаҳои мустақил, мизони омори воқеии қурбониёни КОВИД-19 дар Эрон ду то се баробари омори расмӣ аст.


Муҳаммадризо Зафарқандӣ, раиси Созмони низоми тиббии Эрон рӯзи душанбе бар бештар будани омори воқеии гирифторони КОВИД-19 таъкид кард ва гуфт, "дар ин бора касоне бояд посухгӯ бошанд, ки монеи вуруди ваксинаҳо шудаанд".


Ин омор ва ахбор аз ваъияти буҳронии Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳам мақомоти мазҳабӣ ва ҳам мақомоти расмии он кишвар ба баргузор кардани маросимҳои вижаи моҳи Муҳаррам исрор доранд ва фақат ба риояи чораҳои беҳдоштӣ дар ин гуна маросимҳо таъкид мекунанд.


Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон чанд моҳ пеш эълон кард, ки вуруди ваксинаҳои амрикоӣ ва бритониёии зидди КОВИД-19 ба Эрон "мамнуъ" аст. Ӯ гуфта буд, ки бояд дар дохили Эрон ваксина тавлид ё сохта шавад. Аммо бо гузашти чандин моҳ, ҳануз аз ҳеҷ як навъи ваксинаи дохилӣ хабаре нест.


Давоми моҳҳои гузашта, ҳукумати Ҳасани Руҳонӣ бинобар мушкилот дар пардохти кӯмакҳои молӣ ба шаҳрвандон, муваффақ нашуд чун дигар кишварҳои дунё мардумашро ба рухсатиҳои дарозмуддат бифиристад.


Мақомоти Вазорати тандурустии Эрон дар ин муддат бепарвоии сокинон нисбат ба муқаррароти беҳдоштиро сабаби асосии гирифторӣ ба КОВИД-19 дар ин кишвар гуфтанд. Ба гуфтаи онҳо, мардум нақши ҳукумат дар ташвиқ ва маҷбур кардани сокинон ба хонанишиниро нодида гирифтанд.


Бар асоси омори расмӣ, то кунун дар Эрон 13 миллиону 2245 нафар доза ё вояи аввали ваксина ва фақат се миллиону 146 ҳазор нафар вояи дувуми ваксинаи зидди КОВИД-19-ро гирифтаанд.


Пеш аз ин бархе аз эрониён барои гирифтани ваксинаи зидди КОВИД-19 ба Арманистон мерафтанд. Аммо сафари эрониён ба Арманистон ба ҳадде зиёд шуд, ки Ереван барои дарёфти ваксинаи ин мусофирон шарти иқомати даҳруза дар он кишварро гузошт.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *