Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2021

Макрон аз Эрон хост, ки музокироти ҳастаиро эҳё кунад

0
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз Эрон тақозо кард, ки музокираро бо қудратҳои ҷаҳонӣ сари эҳёи созиши соли 2015-и ҳастаӣ барқарор кунад, дар ҳоле, ки президенти нави тундрави Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, нахуст бояд “ҳақи” Эрон замонат дода шавад. Дафтари президенти Фаронса рӯзи 9-уми август хабар дод, ки Макрон дар сӯҳбати телефонӣ бо президент Иброҳими Раисӣ  “аз Эрон хост, ки музокираро дар Вена барои дастёбӣ ба як натиҷа аз сар гирифта   бидуни таъхир ҳама фаъолиятҳои ҳастаиро, ки бо созишнома дар ихтилоф ҳастанд, хотима диҳад”.


Бар пояи иттилои вебсайти президенти Эрон, Раисӣ дар сӯҳбати яксоатаи телефонӣ гуфтааст, ки “дар ҳама гуна музокираҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои мардуми Эрон бояд риоя шавад”.


Музокираҳои моҳи апрел шурӯъшуда дар Вена бо ҳадафи ба як қарори барои ҳама ҷонибҳо муносиб  овардани тарафҳо барпо шудааст. Бори охир гуфтугӯҳо 20-уми август ҷараён гирифт. Ба иттилои як мақоми баландпояи аврупоӣ, Эрон гуфтааст, ки омода аст аз моҳи сентябр ба идомаи гуфтугӯҳо парозад.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *