Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2021

Полшаю Латвия ҳам бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯбарӯ шуданд

0
Полшаю Латвия гуфтанд, шумори муҳоҷироне, ки аз хоки Беларус ба ин кишварҳои аврупоӣ убур мекунанд, рекордӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Иттиҳоди Аврупо Минскро барои ҳамчун силоҳ истифода кардани муҳоҷирон интиқод карда буд. Дар ҳафтаҳои ахир Литва, ки бо мавҷи азими муҳоҷирони ғайриқонунӣ, аксар шаҳрвандони Ироқ рӯбарӯ шудааст, маҷбур гардид ин афродро дубора то сарҳади Беларус интиқол диҳад. Ҳоло айни чунин вазъият бо Полшаву Латвия рух додааст.


Марзбонони Полша дар изҳороте 9-уми август гуфтанд, ки аз 6-уми август ба ин тараф 349 муҳоҷири ғайриқонуниро, ки аз  Беларус омадаанд, боздошт карданд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Латвия, дар рӯзҳои 6 то 9-уми август 218 муҳоҷир, аксар ироқиҳо боздошт шуданд. Нахуствазири Латвия гуфт, ки аз пешниҳоди вазири умури дохилӣ пуштибонӣ мекунад ва бояд дар қитъаи сарҳади ин кишвар бо Беларус ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шавад. Полша, кишварҳои назди Балтика ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо амри раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка  чун қассосгирӣ   аз таҳримҳои аврупо барои саркӯби ҳаракатҳои демократӣ фиристода мешаванд.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *