"Толибон" ва ДОИШ - таҳдид ба саршумори бабри кӯҳии Тоҷикистону ҷаҳон
Дар номаи донишмандон гуфта мешавад, ки хонаи ин гурбаи ваҳшии холдор асосан дар 11 кишвари Қафқозу осиёи Марказиву Ховари Миёна, аз ҷумла, замоне дар кӯҳистонҳои Тоҷикистону Узбекистон ҳам буд, вале дар ин қаламрав тадриҷан аз байн рафта, ҳоло бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ мешавад. Донишмандон аз он бонги изтироб мезананд, ки тағйироти иқлим, дур афтодани гурбаҳо аз ҳамдигар ва набуди имкони идомаи наслгирӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, минагузорӣ шудани заминҳо ҳам боиси нобуд шудани ин ҷонварон мешаванд.
Донишмандон мегӯянд, даргириҳои вобаста ба гурӯҳи шӯришии “Толибон” дар Афғонистону гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Ховари Миёна ҳам боиси кам шудани саршумори ин гурбаҳо шудааст. Як роҳҳи наҷоти гурбаҳои нодир, ба қавли донишмандон, иродаи сиёсӣ барои ҳамкории миёни давлатҳои мухталиф ба хотири ҳифзу ҳимояти ин ҷонварон ва ҳам аз зиндонҳои Эрон озод шудани донишмандони зоолог мебошад, ки корашон ба ин соҳа вобаста мебошад.
