Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2022

Cанаҳои бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тасдиқ шуд

0
Чаҳор бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон) – рӯзи шанбе, 6-уми август, баргузор мешавад.


Се бозии дигари 1/8 финали Ҷоми миллӣ миёни дастаҳои «Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор), «Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан) рӯзи якшанбе, 7-уми август, доир мегардад.


Бозӣ миёни дастаҳои «Динамо» (Душанбе) ва «Файзканд» (Восеъ) дар рӯзҳои эҳтиётии тақвим сурат мегирад. Сабабаш иштироки бозигарони «Динамо» дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2022 дар Душанбе мебошад.


Бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як дидор иборат аст. Дар мавриди бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтани замони асосии бозӣ, ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар дар замони изофа низ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад шуд.


Ҷоми Тоҷикистон-2022


1/8 финал


 


6-уми август (шанбе)


Оғози бозӣ – соати 16:45


«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)


Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ


 


6-уми август (шанбе)


Оғози бозӣ – соати 16:45


«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)


Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»


 


6-уми август (шанбе)


Оғози бозӣ – соати 16:45


«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)


Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»


 


6-уми август (шанбе)


Оғози бозӣ – соати 18:30


«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)


Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ


 


7-уми август (якшанбе)


Оғози бозӣ – соати 16:45


«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор)


Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»


 


7-уми август (якшанбе)


Оғози бозӣ – соати 16:45


«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)


Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ


 


7-уми август (якшанбе)


Оғози бозӣ – соати 16:45


«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)


Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *