Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2022

Ду пулиси қирғиз барои таҷовузи духтари 13-сола зиндонӣ шуданд

0
Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 30-юми август дар робита ба парвандаи пурсарусадои таҷовуз ба номуси як духтари 13-сола ҳукми худро эълом кард.


Вакили дифои ҷабрдида Тимур Султонов гуфт, додгоҳ ду корманди пулисро 15-солӣ ва корманди "Дордой"-ро 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин айбдоршудаҳо вазифадор шудаанд, ки 100-ҳазорсомӣ ҷуброн пардозанд.


Ба гуфтаи вакил, волидони наврас аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд.


Расонаҳои Қирғизистон қаблан навишта буданд, ки айбдоршавандаҳо духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба бор овард. Фаъолон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *