Боздошти як зан, ки мехост кӯдакашро фурӯшад
Дар вилояти Суғд як занро, ки мехост духтарчаи 4-солаашро бифурӯшад, боздошт кардаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин зан сокини 27-солаи деҳоти Овчӣ-Қалъача мехост, ки духтари хурдсолашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд бифурӯшад. Зан ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда, аз ҷониби милитсияи шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.
Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюм аз издивоҷи дуюмаш будааст.
Дар наворе, ки Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нашр кард, зани муттаҳам иқрор мешавад, ки "хато будани корашро намедонист ва касе ҳам ӯро огоҳ ва аз роҳаш бознадоштааст".
Аммо дар чӣ шароит сабт шудани навори иқрори зан ва назари пайвандони ӯ ба ҳодиса маълум нест.
Феълан нисбати ӯ барои хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Хариду фурӯши ноболиғ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Рӯзи 21-уми октябри соли гузашта милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кӯдакфурӯшӣ боздошт карда буд.
Ҳамчунин сентябри ҳамон сол як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфтанд, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.