Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон кам мешавад
Масъулини ширкати миллии энержии "Брешно"-и Афғонистон гуфтанд, Тоҷикистон зимистони оянда содироти барқро ба Афғонистон кам мекунад.
Абдулборӣ Умар, мудири масъули ин ширкат дар ин бора дар мусоҳиба бо канали телевизионии Amu.tv хабар додааст. Ӯ сабабро дар мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ гуфтааст.
"Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин зимистон мо 25 дарсад камтар аз соли гузашта барқ хоҳем гирифт”,-гуфтааст Абдул Борӣ Умар.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 150 мегават барқ ба Афғонистон мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 718 млн киловат-соат барқ ба арзиши 312 млн сомонӣ (тақрибан 33 млн доллар), содир кардааст.
Ин тақрибан 64 дарсади ҳаҷми умумии содироти барқи Тоҷикистонро дар ин давра ташкил медиҳад.
Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст.