Тоҷикистон аз созиши Боку ва Ереван пуштибонӣ кард
Ҳукумати Тоҷикистон аз созиши сулҳи Озарбойҷон ва Арманистон, ки солҳо боз бо якдигар дар ҳоли низоъ буданд, пуштибонӣ кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои озарбойҷонии худ, Илҳом Алиев, гуфтааст, "аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем."
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, созиши сулҳ ва ҳамкории ду давлат "ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард."
Раҳбарони Озарбойҷону Арманистон рӯзи 8-уми август дар Кохи Сафед дар ҳузури раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп созиши сулҳро имзо карданд.
Арманистону Озарбойҷон пас аз суқути Шӯравӣ ва расидан ба истиқлол дар соли 1991 барои вилояти Қаробоғи Кӯҳӣ ду бор бо ҳам сахт ҷангидаанд. Ин ду кишвари воқеъ дар ҷануби Қафқоз соли 2020 ҳам як ҷанги сахте барои ин вилояти арманнишинини Озарбойҷон доштанд ва пас аз ин ҷанг арманиҳои зиёде онро тарк карданд. Баъд аз ин, Ереван Қаробоғи Кӯҳиро ҳамчун қаламрави Озарбойҷон ба расмият мешиносад ва ду тараф барои беҳбуди робитаҳо қадамҳои муҳиме пеш гузоштаанд.
Моҳи марти имсол ва пас аз солҳо музокирот ду ҷониб аз ниҳоӣ шудани матни созиши сулҳ расман эълон доданд, вале ин санад ба имзо нарасид. Озарбойҷон шарт гузошт, ки Арманистон аз Қонуни асосиаш банди марбут ба эъломи истиқлолро дар соли 1990 бардорад, ки дар он ишорае ба муттаҳид кардани Қаробоғи Кӯҳӣ аст. Боку ҳамзамон хост, Гурӯҳи Минск пароканда карда шавад, ки аз Амрикову Русия ва Фаронса таркиб ёфтааст ва вазифааш ҳалли муноқишаи Қаробоғ буд.
Арманистон ҳарду шартро пазируфт, аммо таъкид кард, ки ислоҳи Қонуни асосӣ барои чанд соли оянда масъалаи дохилӣ мемонад ва Гурӯҳи Минскро метавонанд, ҳамзамон бо имзои созишномаи сулҳ пароканда созанд.
Исрори Озарбойҷон барои эҷоди як пули заминӣ ба Нахчувон низ яке аз нуқтаҳои аслии ихтилоф будааст, зеро Боку ба Арманистон барои назорати долони Зангизур эътимод надошт ва аз сӯи дигар, Ереван низ ба контроли тарафи севум бар ин масир мухолифат мекард ва онро нақзи ҳокимияти худ медонист.