Ҷузъиёти парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Масъулони Оҷонси мубориза бо фасод гуфтанд, ки ӯ ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, муттаҳам аст.