Ҳукумати ИМА аз ширкатҳо хост, барои визаи корӣ $100 ҳазор пардохт кунанд
Ҳукумати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки аз ширкатҳо мехоҳад, то солона 100 ҳазор доллар барои визаи кори муваққат (H-1B), пардохт кунанд. Дорандагони визаи H-1B маъмулан иқомати аввалияи сесоларо дар Амрико доранд.
Ҳовард Лютник, вазири тиҷорати Амрико рӯзи 19 сентябр ҳамчунин аз ширкатҳо хост, то амрикоиҳоро омӯзиш диҳанд ва овардани мардумони дигарро барои гирифтани ҷойи кори амрикоиҳо, поён диҳанд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ин иқдом эҳтимолан зарбаи сахте ба арсаи технология дар Амрико ворид хоҳад кард, ки ба шиддат ба коргарони моҳири ҳиндӣ ва чинӣ, такя мекунад.
Бо ба сари қудрат омадани Трамп дар моҳи январи соли ҷорӣ, ҳукумати ӯ ба маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон оғоз кард.