Порлумони Қирғизистон пароканда мешавад
Дар Қирғизистон вакилон барои пароканда кардани порлумон овоз доданд. Ҳамаи 84 вакил аз ин қарор пуштибонӣ карданд ва касе раъйи мухолиф надод.
Қаблан Нурланбек Тургунбек, раиси порлумон гуфта буд, ки 32 вакил бо далелҳои асоснок пешниҳод карданд, ки Жогорку Кенеш пароканда карда шавад.
Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Қирғизистон қарор буд моҳи ноябри соли 2026 ва интихоботи президентӣ январи 2027 баргузор шавад. Дар номаи вакилони қирғиз омадааст, Комиссияи марказии интихобот дар муддати кутоҳ наметавонад ду интихобот баргузор кунад.
Бар асоси қонуни тасвибкардаи порлумон, президент бояд интихоботи пеш аз муҳлат таъйин кунад. Пешбинӣ мешавад, ки интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Қирғизистон 30 ноябри имсол баргузор шавад.