Мавридҳои таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Дар Тоҷикистон мавридҳои таҷовуз ба номус ё қасди таҷовуз бештар шудааст.
Оҷонсии омор дар гузориши тозааш мегӯяд, дар ҳашт моҳи соли равон 31 мавриди таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10 маврид ё 47 дарсад бештар мебошад.
Маълум нест, ки сабаби якбора зиёд шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номус чист. Мақомоти қудратӣ дар ин замина ҳеч шарҳе надодаанд.
Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидан расман шикоят мекунанд.