"Марги Зубайдуллоҳи Розиқ натиҷаи дар шароити бад нигоҳ доштани мухолифон аст"
Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, марги Зубайдуллоҳи Розиқ, узви пешини Раёсати олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломиро натиҷаи дар шароити бад нигоҳ доштани мухолифони ҳукумат гуфтааст.
Ин созмон 24-уми сентябр дар изҳороте гуфт, "таъқиби мухолифон ва нигоҳ доштани онҳо дар шароити ғайриинсонӣ, боиси чунин фоҷеаҳо шудааст".
Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот вокунише накардаанд ва дар бораи сабабҳои марги Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон чизе нагуфтаанд.
Ин собиқадори ҳаракати сиёсии исломӣ ва донишманди фиқҳ субҳи 24-уми сентябр дар синни 83 солагӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат даргузашт ва дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Ба гуфтаи наздиконаш, Зубайдуллоҳи Розиқ то зиндонӣ шуданаш дар соли 2015 гирифтори бемории дил буд. Ӯро соли 2024 як муддат дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ карда буданд.
Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки "барои озодии фаврии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд".
Мақомоти Тоҷикистон будани зиндониёни сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.