Эътирози гурӯҳе аз ронандагони таксӣ дар Душанбе
Гурӯҳе аз ронандагони таксӣ дар Душанбе ба қарори ситонидани 100 сомонӣ, эътироз кардаанд.
Намояндагони барномаи "Jura" рӯзи 24-уми сентябр гурӯҳе аз ронандагони таксиро дар ширкати "Акиа Авесто" ҷамъ карда, ба онҳо кори барномаи нави таксирониро шарҳ медоданд.
Аммо бар асоси наворе, ки шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки ронандагон дар ин ҷамъомад аз он эътироз карданд, ки чаро ҳар рӯз аз онҳо 100 сомонӣ ситонида мешавад.
Намояндагони барномаи "Jura" ба ронандагон гуфтаанд, масъалаи ситонидани 100 сомонӣ ба онҳо рабт надорад ва ронандагон бояд ба ширкатҳои таксиронӣ муроҷиат кунанд.
Шикояти асосии ронандагони таксӣ дар пойтахт ин аст, ки сарфи назар аз кор баромадан ё беморӣ, онҳо бояд ҳар рӯз ба ширкат 100 сомонӣ пардохт кунанд. Қаблан ронандагон аз ҳаққи роҳкиро 10 дарсадашро ба ширкатҳо месупориданд.
Моҳи июни имсол шаҳрдории Душанбе танҳо ба чор ширкати мусофиркашонӣ иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дод. Инҳо ширкатҳои "Эко-Таксӣ", "Олуча-авто", "Ковиён" ва "Сафо-таксӣ" ҳастанд, вале номи моликонашон маълум нест.
Қаблан ширкати "Эко таксӣ" дар вокуниш ба гузориши Радиои Озодӣ гуфта буд, агар ронандагон бемор бошанд, метавонанд рақами мошинро супоранд ва ҳамон рӯз аз пардохти 100 сомонӣ озод мешаванд.
Баъди қарори шаҳрдории Душанбе дар моҳи июн шикояти ронандагон ва ҳам мусофирони таксӣ зиёд шудааст. Аз як сӯ ронандагон аз пардохти 100 сомонӣ шикоят доранд, аз сӯи дигар мусофирон мегӯянд, бо ҷорӣ шудани барномаи нав нархи роҳкиро боло рафт.
Назаре, ки масъулин онро қабул надоранд.