Дар Мӯъминобод корманди додситонӣ як дучархасаворро пахш кардааст
Бар асари садамаи нақлиётӣ бо иштироки як корманди додситонии Мӯъминобод дар шоми 25 сентябр, як сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар бахши эҳё бистарӣ шудааст.
Ду манбаи ҷудогона аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон бе зикри номашон ҳодисаро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, яке аз ёварони додситони ноҳия ҳангоми ҳаракат ба самти бинои додситонӣ, Раҳмоналӣ Раҷабовро, ки мотосиклсавор будааст, пахш мекунад.
"Ин одам дар роҳи худаш омада истода будааст, ин корманди прокуратура бо мошинаш тез меояд, дар ҳамон гардиши назди прокуратура ӯро мезанад. Баъди ҳодиса ӯро бемористон бурданд ва ҳоло дар шӯъбаи эҳё бистарист. Даст, по ва бинияш шикастааст. Дирӯз боз ба Кӯлоб бурда, томография карданд ва оварда бистарӣ намуданд",-афзуд манбаи Радиои Озодӣ
Аммо ин манбаъҳо дақиқ нагуфтанд, ки нисбати ин корманди додситонии ноҳия парванда боз шудааст ё на. Танҳо гуфтанд, ки нигоҳубин ва табобати ин нафар зери назари шахси додситони ноҳия қарор дорад.
Раҳмоналӣ Раҷабови 54-сола, сокини деҳаи Душанбечаи ноҳияи Мӯъминобод, ба ҳайси барқчӣ дар корхонаи парандапарварии ҳамин ноҳия кор мекардааст.
Мақомот то кунун дар мавриди ин ҳодиса ба таври расмӣ ибрози назар накардаанд. Назари кормандони додситонӣ, ки манбаъҳо мегӯянд, ҳодиса бо иштироки ӯ сурат гирифтааст, маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомот садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад.
Ду рӯз пеш аз ин, дар садамае бо иштироки як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, се нафар кушта ва чор тан захмӣ шуда буд. Ҳодиса дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён рух дода буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаро тасдиқ кард, вале ба корманди комиссариати ҳарбӣ будан ё набудани соҳиби мошин ишорае накард.
Дар Тоҷикистон аз тарзи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ, ки дар онҳо гумонбарон ваё содиркунандагони ҷиноят кормандони ҳифзи қонун мебошанд, зиёд интиқод мешавад.
Мунаққидон мегӯянд, ки кормандони ҳифзи қонун ваё додгоҳҳо талош мекунанд ҳамкорону ҳамтоёнашонро ба ҷавобгарӣ накашанд ва бо истифода аз имкониятҳо дар қонун, роҳҳои сабуккунандаи ҷазо барои ҳамтоёнашонро татбиқ мекунанд.