Додгоҳи Сурия қарори боздошти Башор Асадро содир кард
Додгоҳе дар Сурия ҳукми боздошти Башор Асад, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи ин кишварро содир кард.
Ба гуфтаи додрас, Асад ба куштори барқасдона ва шиканҷа, ки боиси марг шудааст, муттаҳам мешавад.Қарори додгоҳ ба мақомоти Сурия иҷозат медиҳад, ки барои боздошти Асад ба пулиси байнулмилалии Интерпол муроҷиат кунанд.
Башор Асад моҳи декабри соли 2024 дар пайи ошӯби гуруҳҳои мухолифаш сарнагун шуд ва ба Русия гурехт.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Сурия SANA, Асад ба он муттаҳам мешавад, ки соли 2011 эътирози мардумро дар шаҳри Даръо бераҳмона саркӯб кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ қарори боздошти Башор Асадро қадами муҳим барои барқарории адолат ва муҷозоти шахсоне хонданд, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешаванд.