Путин ва Раҳмон телефонӣ гуфтугӯ карданд
Дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, рӯзи 29 сентябр раҳбарони ду кишвар телефонӣ сӯҳбат карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, "сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд".
Ҷузъиёти аз ин беши гуфтугӯҳои телефонии Раҳмон ва Путин нашр намешавад, вале дар хабарнома омадааст, ки раҳбарони ду кишвар ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро баррасӣ намуданд.
Қарор аст рӯзҳои 9-10-уми октябр президенти Русия ба Тоҷикистон сафар кунад. Феълан барномаи ин сафар ё масоили мавриди баррасӣ миёни ду раҳбар нашр намешавад, вале худи Путин гуфтааст, "ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ" дар меҳвари ин дидору гуфтугӯҳо қарор мегирад.
Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле дар назар аст, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия бо фишори бесобиқатарин дар таърихи равобити миёни ду кишвар рӯбарӯ ҳастанд ва тақрибан ҳар ҳафта мақомоти интизомӣ аз боздоштҳои бераҳмову ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон бо баҳонаҳои риояи қонунҳои муҳоҷират гузоришҳо нашр мекунанд.
Думаи давлатии Русия дар якуним соли баъди ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус"-и Маскав, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷиронро қабул кардаанд.
Маълум нест то куҷо дар дидорҳо дар Душанбе мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз Путин ва ҳукуматаш беҳбуди вазъи муҳоҷирон ва риояи қонунҳо дар нисбати онҳоро дархост хоҳанд кард, чизе, ки бисёриҳо дар Тоҷикистон интизор доранд.