Бо наздиктар омадани зимистон мушкилоти рафтуомади сокинони ноҳияҳои атрофи Душанбе ба хонаҳои худ бештару сахттар шудааст. Шомгоҳон ҳазорон нафар дар чаҳор гӯшаи Душанбе мунтазири мошину таксӣ мемонанд, то ба хонаи худ бирасанд. Як сабаб ҳам набудани автобусҳои мусофиркаш аст.