Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Омодагии шаш паҳлавони тоҷик ба Paris Grand Slam 2026

0

Дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2026, ки рӯзҳои 7-8-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж – баргузор мешавад, шаш гуштигири тоҷик иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Париж то рӯзи 8-уми январ 375 варзишгар (222 мард ва 153 зан) аз 56 кишвар номнавис шудаанд.

Дар ин мусобиқа шаш паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) – дар сабқати мардон дар шаш вазн барои медалҳо ва ҷоизаҳои молӣ мубориза хоҳанд бурд.

Барномаи Paris Grand Slam 2026:

7-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг,-63 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг байни мардон.

8-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои Paris Grand Slam 2026 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо мегарданд.

Бояд зикр намуд, соли гузашта мусобиқаи Paris Grand Slam бидуни варзишгарони тоҷик баргузор шуда буд.

Соли 2024 бошад, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Paris Grand Slam иштирок карда, натавонистанд медал бигиранд. Аз байни нӯҳ гуштигири тоҷик чаҳор нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуданд.















Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *