Фарқияти харид ва фурӯши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо 100 долларро 920-922 сомонӣ харида, 937 то 940 сомонӣ мефурӯшанд. Тоҷирон мегӯянд, фарқияти зиёди дар хариду фурӯши доллар ба кори онҳо зарар мерасонад.