Бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин дар Ҳисор доир мешавад
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) макон ва замони баргузории бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппинро тасдиқ кард.
Бозии ниҳоии даври интихобӣ дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19 шуруъ мешавад.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳанд.
Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии мусобиқот дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин 31-уми март ҳал хоҳад шуд.
Тимҳои миллии Тимори Шарқӣ ва Молдив аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
