Се мансабдори тоҷик барои нақзи қонуни танзим ҷарима шудаанд
Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон се мансабдорро барои вайрон кардани қонуни танзими ҷашну маросим ҷарима кардаанд. Маблағи ҷарима ва номи мақомдорон ифшо нашудааст.
Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон рӯзи дуюми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфтанд, дар маҷмӯъ дар соли 2025 1268 сокини кишвар барои поймол кардани муқаррароти қонуни танзим муҷозот шудаанд.
Ин афродро, ки бар хилофи қонун, ҷашни бошукӯҳе баргузор кардаанд ва ё масалан "оши худоӣ" додаанд, дар умум бештар аз 11 миллион сомонӣ ҷарима кардаанд.
Барои нақзи қонуни танзим аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (беш аз 800 доллар) то 216 ҳазор сомонӣ, муодили бист ҳазор доллар, ҷарима карда мешавад. Барои шахсони мансабдор маблағи ҷарима аз 780 то 117 ҳазор сомони муайян шудааст. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, мансабдорон барои вайрон кардани қонуни танзим метавонанд аз мақом барканор шаванд.
Масъулони Кумитаи дин дар гузашта гуфта буданд, ки мансабдорон роҳи фирор аз ин ҳолатро ёфтаанд ва баъзе аз онҳо аз тарси қонуни танзим ва расонаӣ шудани номашон, ҷашну маъракаи хонаводагии худро ба номи наздиконашон сабт ва барпо мекардаанд.
