Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Ҳалокати 18 кас дар зарбаҳои нави Исроил ба Ғазза

0

Бар асари зарбаҳои Исроил ба Ғазза камаш 18 кас кушта шудааст.

Хабаргузории dpa-и Олмон навишт, ки ҳодиса рӯзи 4-уми феврал иттифоқ уфтод.

Ба гузориши ниҳодҳои зери назорати "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони фаластинии "Ҳамос"-ро террористӣ медонанд) дар Ғазза, дар миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Артиши Исроил мегӯяд, пас аз он ки фаластиниҳо ба сӯйи сарбозони исроилӣ тир заданд, дар шимоли Ғазза чанд ҳамла анҷом дод. Дар ин ҳодиса як сарбози исроилӣ сахт захмӣ шудааст.

Санҷидани дурустии иддаои ду тараф ба таври мустақил имконпазир нест.

Аз моҳи октябри соли 2025 миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрикову Аврупо созмони террористӣ медонанд, оташбас амал мекунад, вале ҷонибҳо ҳамвора якдигарро ба поймоли шартҳои он гунаҳкор мекунанд.















Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *