Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Марги мармузи як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳ

0

Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 рӯз баъд аз боздошт, дар боздоштгоҳи муваққати идораи пулиси ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Фирдавс Кожевникови 20-сола бо гумони "такроран дуздӣ кардан" рӯзи 9-уми январ дастгир шуда, рӯзи 16-уми январ ба таври мармуз ҷон бохтааст. Хабар тоза дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, "Кожевников бо ҳадафи гурез аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо банди сарпӯши либосаш худро дар панҷараи оҳанини тирезаи шӯъбаи корҳои дохилӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дор овехтааст".

Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд ва назари пайвандони Фирдавс оиди ин қазия маълум нест.

Тибқи меъёр, бо чунин либос нигаҳ доштани гумонбарон ба ҷиноят дар тавқифгоҳ манъ аст ва ба гуфтаи манбаи Озодӣ нигаҳбонон низ "барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаи хидматиашон айбдор дониста мешаванд".

Марги гумонбарон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳукумати Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо бисёр вақт танқид шунидааст.

Аз ҷумла, Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофҳои беасосро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.















Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *